31 Май 2023 - 21:09
Таҳлил: Мухолифатҳои Осиёи Марказӣ бо тарҳи Толибон барои бардошти об аз Амударё

Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нишасте дар Ишқобод пойтахти Туркманистон бо тарҳи Толибон барои бардошти об аз рудхонаи Амударё мухолифат карданд

Ин мухолифат пас аз он сурат гирифт, ки Толибон дар ҳоли эҳдоси як канали бузург дар Куш Таппа воқеъ дар  дар вилояти Балх шох дар шох шуда  аз манобеъи рудхонаи фаромарзии Амударё аст, ки ба эътимоди Туркманистон ва Узбекистон сабаби камбуди об дар ин кишварҳо хоҳад шуд.

Мавзӯъи эҳдоси канали фаръи бар рӯйи рудхонаҳои фарромарзӣ аз ҷумла рудхонаи Ҳирманд, ки вориди Эрон мешавад аз солҳо пеш дар Афғонистон боб шудааст, ки сабаби коҳиши шаддиди оби вурӯди ва ё қатъи об аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Ҷумҳӯри Исломӣ шудааст, ки паёмадҳои  мухариби зист муҳтиро ба дунбол дорад. Аз инрӯ ва бо таваҷҷӯҳ ба таҷрӯбаи Эрон дар масъалаи оби рӯдхонаи Ҳирманд бо Афғонистон кишварҳои Тукманистон ва Узбекистон пеши дасти карда ва дар талош ҳастанд то монеъ аз эҳдоси канал бар рӯи рӯдхонаи Амударё шаванд.

Суруш Амирӣ коршиноси  масоъили Афғонистон дар ин бора мегӯяд:

Давлати қаблии Афғонистон бо эҳдоси сад бар рӯи рӯдхонаҳо ва эҳдоси каналҳои инҳирофм амалан монеъи ирсоли об ба кишварҳои ҳамсоя шуд ва акнун низ Толибон ҳамин тарҳ ва барномаи эҳдоси канал бар рӯи рӯдхонаҳоро пайгирӣ мекунад, ки бе таваҷҷӯҳи ба паёмадҳои он метавонад дардисарҳои азими зист муҳитӣ дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон эҷод кунад, ки қатъан саррези мушкилоти он мутаваҷҷеҳи худи Толибон хоҳад шуд.

Амударё пуробтарин рӯди Осиёи Марказӣ аст, ки аз куҳҳои Помир сарчашма мегирад ва ҳудуди 1126 километри аз он дар қисмати марзҳои шимоли Афғонистон бо Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон ҷорӣ аст бахшҳои аз Амударё қобили киштирони аст ва дар соҳилҳои он Ширхонбандар ва бандари Ҳиртон қарор гирифта аст, ки колоҳои содироти ё воридотии Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ин тариқ мубодила мешавад бино бар ин рудхонаҳо натанҳо маҳали иртиботи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо ин кишвар ҳастанд балки  миҳити зисти минтақаро ба ҳам вобаста мекунад ва ҳаргуна ихтилол дар мизони обдиҳии рӯдхонаҳо бар равобити минтақаӣ бо Толибон низ таъсири манфи мегузорад зеро иқдомоти ҳокимони Афғонистон дар як даҳҳаи гузашта бар кулияти шароити муҳити ва зисти минтақа таъсири манфи гузошта ва идомаи ин вазъият зарбаи сангини ба экосистемаи минтақа ворид мекунад.

Амини Фарҷод коршинос масоили Афғонистон дар ин бора мегуяд: Яке аз муҳитарин масоили ҳукмрони таваҷҷуҳе ба масъулият дар баробари ҳамсоягон ва таъаҳуд ба ҳамзистии мусолематомез бар асоси ҳиси ҳамҷаворӣ ва муъоҳидаҳо имзо шуда аст. Бинбар ин чунон чӣ Толибон хоҳони ҳукмронии бедуни дардисар ва ҷалби ҳимоятҳои кишварҳои ҳамсоя аст бояд аз эҷоди ҳаргуна шароити танишзо ва истифода аз ҳарбаҳои монанди об, ки масъалаи муштарак миёни Афғонистон ва ҳамсоягони он аст ба шиддат парҳез кунад.

Дар ҳар ҳол руйкарди Толибон ба эҷоди канал бар рӯи Амударё ин талақиро дар миёни кишварҳои ҳамсоя эҷод мекунад, ки Толибон ки ҳанӯз машруъияти ҳокимияташ аз сӯйи маҳофили ҷаҳонӣ тайид нашуда аст судои эҷоди ҷанги об бо ҳамсоягони Афғонистон дорад ки қатъан ба нафъи Толибон ва идомаи ҳукмронии он нест.

Толибон чи бар асоси қарордод ва паймон ва чӣ бар асоси ҳиси ҳамҷавори наметавонад ҳақобаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро коҳиш диҳед ва ё қатъ кунад, ки дар ин сурат чеҳраи ғайридӯстонаро аз Толибон дар сатҳи минтақаӣ ва ҳатто байналмиллалӣ тарсим хоҳад кард, ки  дар раванди ҳукмронии Толибон таъсири манфи дорад ва метавонад ин гурӯҳҳро дар баробари афкори умумии минтақа ва давлатҳои ҳамсоя қарор диҳад.

Ба ҳамин ҷиҳат ширкаткунандагон дар нишасти муштараки намояндагони вижаи Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ишқобод бо баррасии масоили иштироки манобеъи обӣ ва дар назар гирифтани манофеъи кишварҳои минтақа аз ҳукумати Толибон хостанд дар истифода аз манобеъи табиъи муштарак ба қавонини байналмиллали пойбанд бошад.

342/